Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар мавзуи «Назария ва амалияи санъат ва дизайн: ҷанбаъҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар конференсия иброз гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат дар ҷумҳурӣ барои рушди санъати тасвирӣ ва дизайн шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, ин гурӯҳи эҷодкори ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Таърих ва хусусияти матоъҳои миллии абрешимӣ», «Зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи амнияти иттилоотӣ», «Таъриху анъана ва мароми санъати гулдӯзии тоҷик» ва ғайра аз ҷониби устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маърузаҳо шунида шуданд.
Конференсия дар чор бахш: «Анъана ва самтҳои афзалиятноки санъати тасвирӣ ва ороиши миллӣ дар замони муосир», «Маърифати ҳуқуқӣ дар мактаби олӣ: назария ва амалия», «Муаммо ва дурнамои рушди фанҳои дақиқ, табиат ва иқтисод: масъалаҳо, имконият ва роҳи ҳал» ва «Навгониҳо дар соҳаи дизайн ва мӯд» баргузор шуда, зиёда аз 70 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ пешниҳод гардид.
Инчунин иштирокдорони конференсия дар дарсҳои маҳорати касбӣ оид ба санъати миниатюраи Шарқ ва санъати батик ва гобилен, ки аз ҷониби омӯзгорони донишкада гузаронида шуданд, иштирок намуданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд






