Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд

Ноябрь 23, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Душанбе Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» ва дигар шарикон Форуми минтақавии «Tech Jam 2024»-ро баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар форум беш аз 600 нафар мутахассисони ҷавон ва коршиносон аз Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

«Tech Jam» як платформаи муҳим барои мутахассисони ҷавон, коршиносони технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ва пешсафони соҳа табдил ёфта, барои муошират ва мубодилаи афкор мусоидат мекунад», — таъкид гардид дар форум.

Директори намояндагии USAID/Тоҷикистон Ҷон Риордан иброз намуд, ки «ҳамаи мо нақши муҳими рушди технологияҳои иттилоотиро дар давлатҳо, махсусан барои Тоҷикистон, мамлакате, ки бештари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, хуб дарк мекунем. Тоҷикистон метавонад аз рушди бахши технологияҳои иттилоотӣ манфиати зиёде ба даст орад».

Дар форум мубоҳисаҳои муҳим дар бораи раванди рақамикунонӣ, рушди малакаҳо, таълим дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва қабули қарорҳои ба маълумот асосёфта, анҷом дода шуд.

Форуми минтақавии «Tech Jam 2024» бо ҳадафҳои Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мусоидат ба рушди фарогир, дастгирии рушди захираҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба бахши технологияҳои инноватсионӣ дар Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад.

«Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон иқтисоди рақамӣ рушд меёбад, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID таваҷҷуҳи худро ба тавонмандсозии насли ояндаи мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ идома медиҳад»,-таъкид гардид дар чорабинӣ.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 23, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд