Дар Душанбе конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ барои рушди устувор доир гардид

Ноябрь 30, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи 30-солагии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор конфронси минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он  намояндагону коршиносон ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Тавре дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш «Барномаи минтақавии экологии рушди устувор дар Осиёи Марказӣ то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барнома бо қарори Шурои Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аз 22 феврали соли 2022 дастгирӣ ёфта, 5 самти афзалиятноки ҳифзи муҳити зистро дар кишварҳои минтақа-Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бар мегирад.

Дар конфронс масъалаҳои дахлдори экологии кишварҳои минтақавӣ ба таври муфассал ва рӯнамоҳо аз тарафи намояндагони онҳо мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд