Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Британияи Кабир бо раванди таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Меҳмонон ҳамчунин бо майдони тамринии марказ, ки бо воситаҳои техникӣ барои таълими наҷотдиҳандагон муҷаҳҳаз гардидааст, шинос шуданд.
Иброз гардид, ки имконияти фароҳамоварда ба тайёр намудани мутахассисон барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода мусоидат менамояд.
Ҳамчунин намояндагони ҷонибҳо масъалаи ҳамкориро барои табодули таҷриба ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди омодасозии мутахассисон барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






