Дар Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд

Ноябрь 13, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ба ғолибони даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз фанҳои таълимии физика, химия, биология, математика ва технологияи иттилоотӣ ҷоиза супорида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, даври якуми олимпиада аз 1 то 15 октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки беш аз 2000 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 355 нафар роҳ ёфт.

Дар даври ниҳоӣ, ки 11 ноябр баргузор шуд, аз 355 нафар иштирокчӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардиданд. Ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

Ҳамзамон онҳое, ки холи нисбатан баландтар доштанд, бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи тадорукот сарфароз дониста шуданд.

Аз рӯи натиҷагирии шумораи бештари ҷоизадорон дастаи олимпии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ғолиби ҷойи сеюм эълон шуданд. Ҳамзамон роҳбарони якчанд муассиса барои саҳм гузоштан дар ташкил ва баргузории олимпиада бо Сипосномаи Кумита қадрдонӣ  шуданд.

Бояд гуфт, ки олимпиада ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 ва  дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд