Дар Хатлон бахшида ба қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ ва ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ ва ҳамоиши идона доир гардиданд. Дар паради ҳарбӣ ҷузъу том ва сохторҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят ва дигар сохторҳои низомиву қудратии вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Баъди ба майдон ворид намудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ ва гузориши фармондеҳи парад гузашти низомӣ бо қадамзании мутантан оғоз гардид.
Милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар таҳким ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таъмини амният ва осоиштагии шаҳрвандон ҳиссаи арзишманд гузошта, вазифаҳои хизматиашро барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро менамояд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва дар заминаи сиёсати ватанпарварона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар аркони муҳими давлатӣ пояҳои милитсияи тоҷик низ мустаҳкам гардида, ин ниҳод ба яке аз неруҳои пойдор ва неруманди таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳаёти осоиштаи мардум табдил ёфт.



Ҳамчунин иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дастоварди беназири даврони истиқлол буда, дар ташаккули асосҳои сохтори давлатӣ, таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсии марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Конститутсия ба таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуда, омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






