Дар Коллеҷи кӯҳии Душанбе вобаста ба аҳамият ва татбиқи иқтисоди «сабз» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи Соро Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтисоди «сабз» ва аҳамияти татбиқи он дар ҳифзи муҳити зист ва иқлим» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин муассиса хабар доданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён оид ба аҳамияти илмӣ, афзалияти татбиқи иқтисоди «сабз» ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи ноил шудан ба муҳити зист ва иқлими пок ибрози назар намуданд.
«Иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод мебошад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он беш аз пеш меафзояд. Иқтисоди «сабз» тамоми намудҳои фаъолият ва навовариҳоро дар бар гирифта, ба истифодаи устувори захираҳои табиӣ, кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва энергия, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи устувори захираҳои замин нигаронида шудааст»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки иқтисоди «сабз» ба экология ва муҳити зист таъсири назаррас дорад. Он ба кам кардани партовҳои моддаҳои зараровар ва ифлоскунандаҳо мусоидат намуда, ба сифати ҳаво, об ва хок таъсири мусбат мерасонад.
Иброз шуд, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон ба татбиқи он дар соҳаи кишоварзӣ бар ивази заҳрхимикатҳо бо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб, бунёди заминаи мусоид барои рушди устувори энергетикаи обию офтобӣ барои истеҳсоли неруи барқи тоза, ки дорои манфиати зиёди иқтисодию экологӣ мебошад, таваҷҷуҳи бештар равона мегардад.
АКС: Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи Соро Юсупова








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






