Дар мавзуи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон машғулияти байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Қарздиҳӣ бо гарави моликияти зеҳнӣ. Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Мирзо Исмоилзода мақсади асосии баргузории семинарро арзёбии имкониятҳои мамлакат дар самти истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун гарав барои гирифтани қарз баён намуда, гуфт, ки ин таҷриба дар дигар кишварҳо фаъолона истифода гашта истодааст.
Ҳамзамон Мирзо Исмоилзода ҳадафи дигари чорабинии мазкурро ҳамоҳангсозии барномаҳои компютерӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун ихтироъ, ки ин раванд метавонад дар оянда ба рушди самтҳои нав, ба мисли барномасозӣ ва инноватсия бо зеҳни сунъӣ мусоидат намояд, унвон намуд.
Дар доираи семинар, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи китобҳову нашрияҳои ҳуқуқӣ ва таълимӣ ташкил карда шуд.
Дар ин семинари байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Қарздиҳӣ бо гарави объектҳои моликияти зеҳнӣ» ва «Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






