Дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҷарроҳии саратони ғадуди зери меъда гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мураккабтарин буриши ғадуди зери меъда барои беморони гирифтори саратони ғадуди зери меъдаро бо истифода аз технологияи муосир, яъне таҷҳизоти замонавии видеоэндоскопӣ гузарониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Ба гуфти директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода, бартарии ин усул аз усули анъанавӣ, яъне ба таври кушода, ки қаблан анҷом дода мешуд, дар он аст, ки ин усул ба бемор кам осеб дода, имконияти тезтар барқарор шудан баъди ҳолати ҷарроҳиро медиҳад.
Мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншинсоӣ барои анҷом додани ингуна амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар давлатҳои хориҷӣ аз курсҳои бозомӯзӣ ва даврҳои омӯзишӣ гузашта, донишу таҷрибаи худро баланд бардоштаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бемор- сокини ноҳияи Нуробод Хайриддин Аминов, соли таваллудаш 1974 пас аз ду рӯзи ҷарроҳӣ ҳолаташ хуб буда, иброз дошт, ки худро беҳтар ҳис мекунад ва аллакай озодона роҳ гашта метавонад.
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншинсоӣ тамоми шароиту имконоти муосид баҳри ташхису табобати беморон фароҳам оварда шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






