Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло бо дастгирии Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа ба маблағи умумии 145,0 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои маориф, ирригатсия ва энергетика мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин хусус 24 ноябр дар шаҳри Риёз зимни вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал – Маршад иттилоъ дода шуд.
Тавре дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Хамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо Фонди Саудии Рушд, ҳамкории созандаи дуҷониба дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва обёрӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар солҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Саудии Рушд барои татбиқи лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ 296,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америко ҷудо намудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои муҳими таъмини рушди мамлакат, аз қабили саноату кишоварзӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби нӯшиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва табдил додани онҳо ба роҳҳои муосири байналмилалӣ баён намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






