Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид

Ноябрь 16, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона  баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати  корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш иштирокчиён доир ба фазилатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги Сарвари давлатро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Муайян гардидани 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» асосҳои ба худ хос дорад. Бо назардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат, ба даст овардану таъмин намудани сулҳу ваҳдати саросарӣ ва болоравии обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин ҳама ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории давлат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» дарҷ гардид.

«Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Роҳбари давлат, сарфи назар аз ҳама мушкилоту монеаҳои мавҷуда тамоми захираву имкониятро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона менамоянд», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд