Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сарфаи энергияи барқ дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ҳисобкунакҳои барқӣ насб гардида, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Ин матлаб 15 ноябр зимни баргузории ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 баён шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеӣ иҷрои ин қарор дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот ва шабакаҳои барқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликият маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи зарурӣ захира гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






