Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ноябрь 2, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49 миллиарду 500 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 15,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 31 октябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 29,9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 35 миллиарду 500 миллион  сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион сомонӣ ё 22,5 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 51 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024  7 миллиарду 500 миллион сомонӣ ё 17 фоиз зиёд буда, ба 31,1 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии соли оянда баробар мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»