Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд

Ноябрь 20, 2024 09:07

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии дӯстона пайиҳам пирӯзии дуюмашро ба даст овард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ин охирин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2024 мебошад.

Дастаи Тоҷикистон бозии навбатиро 25 марти соли оянда дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мекунад. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ 9 декабр дар маросими қуръакашӣ муайян мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2024 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад