ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад

Ноябрь 9, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ ва бунёди садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар мамлакат, талабот ба неруи барқ низ зиёд мешавад. Кормандони соҳаи энергетика шабу рӯз, дар гармову сармо машғули меҳнат ҳастанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, то хонаву кошонаи мо гарму равшан бошад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аксар вақт мо, сокинон заҳматҳои онҳоро нодида гирифта, сарфакорона истифода бурдани неруи барқро фаромӯш мекунем. Бо ин амаламон, пеш аз ҳама ба буҷаи оила худ зарар мерасонем. Боре тасаввур кардаем, ки ин неруи бесадову бебӯю беранг ва ба ҳама дастрас бо чӣ душвориҳо тавлид меёбаду то замони ба хонаву корхонаи мо интиқол ёфтанаш кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд? Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

Коршиносон мегӯянд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Ба хотири сарфа набояд чойро ноҷӯшида нӯшид, ғизои нопухта хӯрд ва ё дар торикӣ нишаст, танҳо одам бояд неруи барқро ба қадри зарурат ва сарфакорона истифода намояд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нафароне ҳастанд нисбат ба истифодаи неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.

Имрӯз аз воситаҳои электрикии фаровон истифода мебарем, аммо дар лаҳзаҳои нодаркор будан хомӯш кардани онҳоро фаромӯш мекунем. Фаромӯш набояд кард, ки асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад. Фурӯзонак ва дастгоҳҳои техникиро сари вақт пурра хомӯш кунед, таҷҳизоти барқӣ, ҳатто қувватдиҳандаи телефонҳои мобилиро дар ҳолати «интизорӣ» фаъол нагузоред.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намояд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд».

«Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд»,-хотирнишон намуданд Сарвари давлат.

Ҳарчанд масъулин ва ниҳодҳои дахлдор дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва барои ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ ва пардохти қарз аз неруи барқ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ меандешанд, вале мушкилӣ дар ин самт то ҳол боқӣ мондааст.

Масалан, дар баъзе корхонаю муассиса ва ширкатҳо аз сабаби хомӯш накардани баъзе ноқилҳои барқӣ сабаби талафоти техникии барқ мегарданд, ки ин ба вазъи молиявии корхонаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи неруи барқ нисбат ба дигар давлатҳо арзон аст. Дар Тоҷикистон арзиши миёнаи неруи барқ ​​дар нимаи якуми соли 2024 19,5% боло рафта, ба 36,2 дирам барои як киловатт-соат расидааст.

Тибқи таҳлили коршиносон, фурӯзонаки каммасрафи 20-ватта дар муддати стандартии хизмат, яъне 8 ҳазор соат ба сарфа кардани 640 квт/соат неруи барқ имкон медиҳад. Бо ифодаи пулӣ, истифодаи танҳо як фурӯзонаки каммасрафи 20-ватта барои оила на камтар аз 48 сомонӣ ва барои истеъмолкунандагони саноатӣ 169 сомонӣ фоида меорад.

Қоидаҳои сарфаи барқро ҳатман бояд донист: ҳамеша аз фурӯзонакҳои каммасрафи тавоноияшон ба ҳуҷра мувофиқ истифода баред, шишаи тирезаҳоро барои воридшавии равшанӣ доимо тоза нигоҳ доред ва дар ҳуҷраҳо пардаҳои ранги равшан овезон кунед.

Ҳангоми хӯрокпазӣ аз дегу зарфҳои тагаш хурдтар аз плита истифода накунед, сарпӯши зарфҳоро хангоми пухтупаз беҳуда кушода нагузоред, танҳо аз плитаи дуруст истифода карда, сатҳи гармкунандаи онро мунтазам тоза кунед, барои ҷӯшонидани об на плита, балки чойҷӯшонакро истифода баред.

Яхдонро дар ҷойи хунуктари ошхона, дуртар аз плита ва оташдон устувор созед, яхи онро мунтазам об кунед, дар даруни он зарфҳоро бо хӯрокҳои гарм ҳаргиз нагузоред ва дару даричаҳои онро ҳарчи камтар боз кунед.

Ҳангоми истифода аз мошини ҷомашӯйӣ онро тибқи тавоноии техникияш аз либос пур кунед.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи ин дастоварҳо мебошад. Ҳоло дар мамлакат баҳри ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ сохтмони чанди неругоҳҳои барқи обӣ ва офтобӣ идома доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 9, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд