«Хирадмандон» дар озмуни ноҳиявии «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» сазовори ҷои якум гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлатдории навини тоҷикон» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарони кумита ва марказҳои ҳизбӣ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин озмуни ноҳиявии «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ», ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни кумита ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми ҳизб дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ сазовори ҷойи якум гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






