ҶИНОЯТКОРӢ БАЙНИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД? Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?

Ноябрь 9, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон дар мамлакат 16 976 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он  3720 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилӣ ва Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби ноболиғон дар ҷумҳурӣ 380 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   23 фоиз зиёд мебошад.

Тавре дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод, аз 380 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда дар мамлакат 69-тои он ба наврасони 14-15-сола ва 317 адади он ба ноболиғони 16-17-сола рост меояд. Бештари ин ҷиноятҳо бар асари муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагон барои нишон додани зӯрӣ ва нуфузи худ байни мактабу маҳаллаҳо мебошад, ки дар натиҷа шумораи зиёди онҳо маҷруҳ мегарданд.

Чаро ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон  меафзояд? Бояд гуфт, ки  пеш аз ҳама, ноқисиҳо дар тарбияи кӯдакон аз  оила  ибтидо мегиранд.  Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, волидайн бештар банди ташвишҳои худ, масоили рӯзгордорӣ ва гирудори дигар гашта, ба кӯдакони худ, рафтору кирдори онҳо кам  таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва назорати кӯдаконро фаромӯш мекунанд. Гурӯҳи дигари волидайн тарбияи кӯдакро кори оянда – вазифаи махсуси мактабу омӯзгорон медонанд.

Шабгардии ноболиғон бехатар нест? Барои фарзанд тартиб додани реҷаи рӯз ва назорати он ҳатмӣ аст

Чанде пеш Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 16-сола, сокинони шаҳри Душанбе ва аз тарафи дигар се ноболиғи 18-сола, сокинони пойтахт бо гумони содир намудани кирдори авбошӣ дастгир карда шуданд. Гумонбаршавандагон 7 октябри соли 2024, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт қарор доштан бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳам муноқиша намуда, якдигарро лату кӯб кардаанд. Дар натиҷа яке аз онҳо бо олоти дар дасташ будаи халандаю бурандаи сохтмонии табарча ба бари гардани чапи яке аз ноболиғон зада, ӯро захмӣ кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Саволе ба миён меояд, ки ин ноболиғон дар  соати 22:00  дар кӯча ба чӣ кор машғул буданд? Чаро онҳо аз назорати волидайн дур мондаанд? Магар ин ноболиғон реҷаи рӯз надоранд? Охир дар ин вақти шаб  онҳо бояд ба тамошои телевизор, мутолиаи китоб, машқу тамрин ва дигар корҳои фоиданок машғул бошанд, яъне  ноболиғон дар  зери назорати қатъии волидайн қарор дошта бошанд.Чаро баъзе аз падару модарон бо вуҷуди пурзӯр гардидани назорат аз ҷониби масъулини ҳифзи тартибот, ҳанӯз ҳам нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони хеш бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд?!

Вобаста ба рух додани ин гуна ҳодиса 17 октябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ  баргузор шуд. Дар он Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва авбошии ноболиғон ибрози андеша намуд.

Таъкид шуд, ки моро зарур аст хонандагонро ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷустан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоем.

Тавре  шоири клласики тоҷик Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.

 Дар пойтахт баҳри пешгирии амалҳои номатлуби ноболиғон чӣ тадбир меандешанд?

 Бино ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, дар 9 моҳи соли равон дар байни ноболиғон 102 ҷиноят содир шудааст, ки ин омор дар ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023  53 ададро ташкил медод. Аз ин омори содиршавии ҷиноят 41-тои он аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба амал омадааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Дар робита ба ин дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони сарраёсат ва шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт барои пешгирии ҳолатҳои ҳамроҳ гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо, истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ва авбошии ноболиғон суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.

 Ба ҷиноят даст задани ноболиғонро чӣ гуна метавон пешгирӣ кард?

Ба андешаи ходими адабии АМИТ «Ховар», вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, авбошии наврасону ҷавонон ҳеҷ гоҳ хоси одоби миллии тоҷикӣ набуду нест.

«Шояд бад – он сабаб, ки  ойинҳои ҷавонмардии мардуми мо, ки решаҳои қавии бостонӣ доранд, ба чунин зуҳурот роҳ намедоданд. Илова ба ин, одобу хиради зотию хонаводагии халқамон, ки ҳамеша ба ақли солим ва илму фарҳанг такя дошту аз некманишӣ ва родмардӣ сарчашма мегирифт, намегузошт, ки ин амали нохуб ривоҷ ёбаду нумӯъ намояд. Аммо далелҳои як-ду соли охир нишони зуҳури ҳарчӣ бештари ин амали номатлуб ва хатарнок мебошанд, ки наметавонанд моро бе тафовут гузоранд»,-мегӯяд мавсуф.

Ба таъкиди Камол Насрулло, мо набояд таъсири ҷаҳони берунаро, ки бо фишори ҷаҳонишавӣ имрӯз зиндагии  моро ҳам кам-кам ба коми худ мекашад, фаромӯш кунем.

«Таъсири нақшаву амалиёти аз беруни мамлакат тарҳрезишударо набояд аз ёд бурд. Таблиғи куштору зӯроварӣ ва тарзи носолими зиндагӣ тавассути навору тасвирҳо ва филмҳои сабукандешонаву арзонбаҳои хориҷӣ яке аз ин сарчашмаҳо аст, ки ба наврасони нодидаи мо сахт таъсирбахшу мутаассир хоҳанд буд. Ва яке аз роҳҳои ба самти солим бурдани зиндагӣ ва амалиёти наврасону ҷавонони мо андешидани тадбиру  машғулияти муфид ва манфиатоваре аст, ки ҳам ононро машғул медоранд ва ҳам барои камолоти инсонияшон раҳнамоӣ мекунанд. Омӯхтану гирифтани баъзе таҷрибаҳои неку боманфиат аз гузаштаи наздикамон низ ба манфиати кор хоҳад буд»,-изҳор медорад ӯ.

Коршиносон дар бештар ҳолатҳо сабаби ба ҷиноят даст задани ноболиғонро дар бемасъулиятии волидайни ноболиғону атрофиёнашон ва бекор мондани ноболиғон маънидод менамоянд. Вобаста ба ин, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон  нисбат ба падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбат ба масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани тадбирҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд. Аз ҷониби Прократураи генералии мамлакат дар ин замина дар шашмоҳаи якуми соли равон вобаста ба риоя накардани қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигаронро, ки тавассути филмҳои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тани бе қоида ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютериро омили асосии даст ба ҷиноят задани ноболиғон мешуморад. Ба андешаи ӯ, раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбат аз пайомадҳои манфии дар боло гуфташуда  холӣ набуда, онҳо ба ҳаёти мо дохил мешаванд ва мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро олуда менамоянд. «Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин вазифаи ҷомеа ба шумор рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки ба фазои иттилоотии ҷаҳон хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба ин восита коста гардидани хулқу атвори наврасон сабаби даст ба содир намудани ҳар гуна ҷиноятҳо  задани наврасон мегардад»,-изҳор медорад ӯ.

Пошхӯрии оилаҳо-сабаби беназорат мондани ноболиғон  

Тибқи маълумоти Суди Олии Тоҷикистон, шумораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар шашмоҳаи якуми соли равон ба 27 248 адад расидааст. Нисбат ба 25 021 парванда қарор қабул карда, дар маҷмуъ ба 3681 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 21 340 нафар ба маблағи умумии 4 миллиону 653 ҳазору 676 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст.

Воқеан ҳам агар андеша намоем, қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад. Дар ин самт волидонро мебояд барои дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намудани фарзандон саҳм гузоранд.

Тавре коршинос Зубайдулло Давлатов иброз медорад, имрӯзҳо волидон бештар тарбияи фарзандонро ба дӯши мактаб вогузор мекунанд ва ё баръакс. «Набояд фаромӯш сохт, ки  дар тарбияи кӯдак оила, мактаб ва ҷомеа дар ҳамбастагӣ масъул аст.  Бетарафӣ намудан дар ин роҳ таъсир ба тамоми ҷомеа аст. Зеро агар наврасону ҷавонон тарбияи хуб ёбанд, ин дар оянда ҳам ба манфиати оила, ҷомеа ва ҳам давлат хоҳад буд»,-афзуд Зубайдулло Давлатов.

Ба андешаи коршиносон, дар бештари он ҷиноятҳое, ки аз тарафи наврасону ҷавонон содир мешаванд, ноболиғоне даст доранд, ки аз оилаҳои носолим мебошанд. Яъне он оилаҳое, ки волидони ин фарзандон аз ҳам ҷудо шудаанд, оилаҳое ки фарзанд зери сарпарастии бобою бибӣ ва яке аз волидон қарор доранд.

Оила ячейкаи ҷамъият ва асоси тарбияи насли наврас маҳсуб мешавад. Оила ҷоест, ки ҷомеа ва давлат аз он ғизои маънавӣ мегиранд, падидае аст, ки ин ду сохтори муҳимро муаррифӣ менамояд, паноҳгоҳе аст, ки аз даст задан ба ҳар гуна ҷиноят ва корҳои ношоям ҳар узвашро эмин нигоҳ медорад. Дар оила одамон дӯст доштан, ҳурмату эҳтиром, хушҳолию меҳрубонӣ намуданро омӯхта, бо ҷаҳони берунӣ шинос мегарданд, аз меросу анъанаҳои ниёгон, ки аз насл ба насл боқӣ мондаанд, огоҳ мешаванд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 434 никоҳ сабт шуда, 4108 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудааст.

Равоншинос Марям Давлатова дар робита ба пошхӯрии оилаҳо зимни яке аз мусоҳибаҳояш бо АМИТ «Ховар» изҳор намуда буд, ки аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон на танҳо ду хонавода, балки як ҷомеа зарар мебинад. Чӣ гуна? «Бо аз ҳам ҷудо шудани ду нафар ду оила аз ҳам дур мешаванд ва аз ҳама муҳим, фарзандон мушкилӣ кашида, азият мебинанд. Бубинед, дар хонаводае, ки якдигарфаҳмӣ пойдор асту муомилаи хуб ҳаст, он ҷо хандаву хушҳолии фарзандон ҳадду канор надорад. Фарзанд дар муҳите хуб ба воя мерасад, ки он муҳит на бо ҷангу даъво, балки бо меҳру муҳаббат ӯро дар канор мегираду дар оғӯши гарми воллидайн ӯ худро амн эҳсос карда метавонад. Пас набояд дар ин роҳи пуршебу фароз мо ҳамдигарро ба ҳоли худ гузорем»,-мегӯяд ӯ.

Ба назари равоншинос, дар бунёд ва мустаҳкам нигоҳ доштани ҳар хонаводаи тоҷик ҳамаи мо метавонем нақше, гарчи кӯчак ҳам бошад, дошта бошем. Яъне, саъй намоем, то оила ва хонаводаи худро дӯст дорему ҳамдигарфаҳмиву якдигардӯстдориро пеша созем, то фарзандон тарбияи хуб бигиранд.

«Аз парешон шудани оилаҳои ҷавон, агар кӯдакон дар миён бошанд, ҳеҷ кас бурд намекунад ва ҳарду тараф зарари хеле зиёд мебинад, ки ин тӯлонӣ буда, ба руҳияи кӯдакон таъсир мерасонад. Бояд бидонем, ки мушкили хонаводагӣ мушкили як ё ду нафар нест, балки тақрибан мушкили 50 нафар аст. Ҳамеша пушти мушкилоте, ки барои мо даҳшатангез менамояд, як чизи хуб аст. Мо бояд ба худ вақт бидиҳем, ба қудрати худамон бовар кунем ва аз мушкилиҳо наҳаросем. Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад!»,-изҳор дошт Марям Давлатова.

Ҳукумати мамлакат муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор додааст. Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ҳоло «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак») изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст. Ҳар коре, ки имрӯз мо барои ободии ин Ватан, ин сарзамин, ин марзу бум менамоем, мебояд онро аз дилу ҷон амалӣ намоем. Набояд фаромӯш сохт, ки қабл аз ҳама, калонсолон бояд насли наврасу ҷавонро тарбия кунанд. Зеро ободии мамлакат ва ояндаи дурахшони он дар дасти наврасону ҷавонон аст. Месазад, ки дар тарбияи насли ҷавон, ки неруи созанда ва ташаббускор мебошад, тамоми қувваю тавонро сарф намуд. Чун ҳар амали хубе, ки бобати рушди дониш, фардият ва азхудкунии илму технологияи ҳозиразамон барои насли ҷавони имрӯза анҷом медиҳед, яқин бидонед, ки подоши хуб ва натиҷаи босамар меорад.  Пас, биёед барои ояндаи хубу дурахшони насли ҷавон бетафовут набошем ва тарбияи онҳоро вазифаю масъулияти асосии худ донем.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 9, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд