КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз мушкилоти мураккаб, печида ва ҳалталаби экологӣ, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон таъсири манфӣ расонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеа эҷод менамояд, тағйирёбии глобалии иқлим мебошад. Ҳарчанд таъсири манфии ин равандҳо ҳам ҷанбаҳои фаъолият ва ҳам инфрасохторҳои мавҷударо дар тамоми гӯшаю канори сайёра фаро гирифтаанд, вале таъсири онҳо ба захираҳои об аз ҳама бештар зоҳир мегардад.
Чунин нигоштааст муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбон дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар». Дар зер шакли пурраи мавод манзур мегардад.
Даъвати Президенти Тоҷикистон барои ҳамкорӣ саривақтӣ аст
Тибқи натиҷаҳои илмӣ, давоми солҳои 1956-1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз 3 маротиба коҳиш ёфтааст, ки ин ба ҳар сол ба ҳисоби миёна 0,6-0,8% ва 0,1% кам шудани майдону ҳаҷми яхҳо баробар аст. Ҳамзамон тибқи маълумот, пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон, ки манбаи асосии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, давоми асри гузашта зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Зиёда аз ин, ба андозаи 2-3°С боло рафтани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ раванди коҳишёбии пиряхҳоро дар тамоми манотиқи кураи арз тақвият бахшида, ба коҳиш ёфтани захираҳои барф оварда мерасонад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ пайваста густариш ёфтани мушкилоти экологиро таъкид намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории мутақобили судманд барои ҳалли масоили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он даъват менамоянд.
Воқеан ҳам, шароити имрӯзаи глобалӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда на танҳо аз ҳар кишвар ё созмони минтақавию байналмилалӣ, балки аз ҳар сокини сайёра ҷаҳду талошҳои пайвастаю дастҷамъона ва андешидани тадбирҳои фавриро дар самти коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим тақозо менамояд.
Маҳз бо назардошти ин нукта ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати дар сатҳи ҷаҳонӣ якҷоя амал намуданро афзал дониста, барои коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ гардидан ба ин раванд устуворона қадам мегузорад. Дар ин самт қадамҳои умедворкунанда қабули Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба тағйирёбии иқлим ва баргузории конференсияҳои тарафҳои ин конвенсия мебошанд.
Аз ҳадаф то амал
То имрӯз 29 конференсияи тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим доир гардидааст: Берлин (Олмон, 1995), Киото (Ҷопон, 1997), Буэнос-Айрес (Аргентина, 1998), Бонн (Олмон, 1999), Гаага (Нидерланд, 2000), Бонн (Олмон, 2001), Марокаш (Марокаш, 2001), Деҳлӣ (Ҳиндустон, 2002), Милан (Италия, 2003), Буэнос-Айрес (Аргентина, 2004), Монреал (Канада, 2005), Найроби (Кения, 2006), Бали (Индонезия, 2007), Познан (Лаҳистон, 2008), Копенгаген (Дания, 2009), Канкун (Мексика, 2010), Дурбан (Африқои Ҷанубӣ, 2011), Давҳа (Қатар, 2012), Варшава (Лаҳистон, 2013), Лима (Перу, 2014), Париж (Фаронса, 2015), Марокаш (Марокаш, 2016), Бонн (Олмон, 2017), Катовитсе (Лаҳистон, 2018), Мадрид (Испания, 2019), Глазго (Британия, 2021), Шарм-уш-Шайх (Миср, 2022), Дубай (АМА, 2023) ва Боку (Озарбойҷон, 2024).
Ҳадафи асосии конференсияи тарафҳо аз баррасии иттилои миллӣ ва кадастри партовҳои аз ҷониби кишварҳо пешниҳодгардида иборат буда, дар асоси ин маълумот тадбирҳои аз тарафи ҷонибҳо қабулшуда ва пешрафт дар самти расидан ба ҳадафи ниҳоии Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ мегардад. Тавъам ба ин, боз дар ҳар як Конференсияи иқлимии Созмони Милали Муттаҳид ва ё Саммити иқлимӣ як масъалаи меҳварии ҷадид мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон мисол овард, ки натиҷаи ниҳоии COP7 (Марокаш, 2001) тасдиқи механизми тиҷоратии квотаҳои партовҳои газҳои гулхонаӣ ва нақшаи татбиқи он мавзуи меҳварии COP9 (Милан, 2003) масъалаи кумак ба кишварҳои рӯ ба рушд дар масири мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, масоили асосии COP16 (Канкун, 2010) ташкили марказҳои интиқоли технологияҳои «сабз» ва таъсиси Фонди Иқлими Сабз барои кӯмак ба кишварҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазир ва ҳуҷҷати натиҷавии COP19 (Варшава, 2013) созишнома оид ба низоми маблагғузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҷангалҳои тропикӣ ҳамчун фурӯбарандаи асосии гази карбон ва натиҷаи асосии COP25 (Мадрид, 2019) мебошанд.
Аз ин ҷо маълум мегардад, ки вобаста ба масоилу мавзуоти зимни саммитҳои иқлимӣ баррасишуда ва натиҷаҳои аз ҳар конференсия бадастомада хулосабарорӣ гардида, дар асоси онҳо ҳуҷҷатҳое қабул карда мешаванд, ки муҳимтаринашон Протоколи Киото ва Созишномаи Париж мебошанд. Зеро протоколи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим қабул карда шудааст. Протоколи Киото 11.12.1997 қабул гардида, 16.02.2005 эътибор пайдо намуд ва Созишномаи Париж 12.12.2015 ба имзо расида, 22.04.2016 мавриди амал қарор гирифт.
Тоҷикистон дар татбиқи конвенсияҳои байналмилалӣ фаъол аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шуд. Аз ҷумла, Тоҷикистон 7 январи соли 1998 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ гардида, 21 октябри соли 2008 Протоколи Киото ва 22 апрели соли 2016 Созишномаи Парижро ба тавсиб расонид.
Протоколи Киото созишномаи байналмилалие аст, ки барои коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера дар масири мубориза бо гармшавии глобалӣ баста шудааст. Ҳадафи асосии он ба эътидол овардани сатҳи консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера то дараҷае мебошад, ки ба таъсири хатарноки антропогенӣ ба системаи иқлимии Замин имкон надиҳад. Ин санад нахустин созишномаи глобалӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист мебошад, ки ба механизми танзими бозор – механизми тиҷорати байналмилалии квота барои газҳои гулхонаӣ асос ёфтааст. Иҷрои уҳдадориҳои протокол зимни COP11 (Монреал, 2005), COP12 (Найроби, 2006) ва COP13 (Бали, 2007) баррасӣ гардида, даври аввали амали он солҳои 2008-2012-ро дар бар мегирад. Дар даври дуюм ба он тасҳеҳи Давҳа (COP18, 2012) илова гардидааст, ки ин тасҳеҳро то соли 2019 134 давлат қабул кардаанд.
Зимни саммитҳои иқлимӣ доир ба тадбирҳое, ки пас аз анҷоми давраи дуюми уҳдадориҳо (соли 2020) андешида шудаанд, зарурати қабули ҳуҷҷати ҷадид – Созишномаи Париж дар соли 2015 ба миён омад. Ин созишнома тасҳеҳ ба Протоколи Киото набуда, созишномае дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки тадбирҳоро барои коҳиш додани гази карбон дар атмосфера аз соли 2020 ба танзим медарорад.
Тибқи моддаи 2, мақсади асосии созишнома «таҳкими татбиқ»-и конвенсияи мазкур, аз ҷумла нигоҳ доштани болоравии ҳарорати миёнаи глобалӣ хеле кам аз 2°С бар замми дараҷаи тосаноатӣ ва кӯшиши то 1,5°С маҳдуд кардани баланд шудани ҳарорат мебошад. Созишномаи Париж аз ҷониби 104 узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати ниҳоии COP21 (Париж, 2015) қабул гардид. Дар кори COP21 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкории дахлдорро ба анҷом расонид».
Аз соли 2005 инҷониб зимни конференсияҳои иқлимӣ ҳамоиши ҷонибҳои Протоколи Киото низ баргузор мегардад. Зеро дар ҷараёни COP11 (Монреал, 2005) пешниҳод гардид, ки барои иҷрои муқаррароти ин протокол бояд механизми эътирофи уҳдадориҳои ихтиёрии кишварҳои рӯ ба рушд таъсис дода шавад, то онҳо тавонанд стандартҳоро барои коҳиш додани партовҳои CO2 мувофиқи манофеи миллӣ ва вазъи иқтисодии худ муайян намоянд. Ҳарчанд ин пешниҳод соли 2005 ҷонибдорӣ пайдо накард, вале пас аз таҳлилу муҳокимаҳо дар конференсияҳои баъдӣ он ба ҳуҷҷати натиҷавии COP15 (Копенҳаген, 2009), яъне ба Созишномаи Копенҳаген ворид карда шуд.
Дар кори COP15 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ фикрҳои бикру андешаҳои ноб баён доштанд ва аз ҷумла, ҷонибдории Тоҷикистонро нисбат ба қабули Созишномаи Копенҳаген чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон шартҳои асосии созишномаи навро доир ба иқлим, ки маҳдуд ва кам кардани истеъмоли сӯзишвории зеризаминӣ, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии ҷангалҳо ва беҳтар гардонидани вазъи истифодаи заминҳоро пешбинӣ мекунад, дастгирӣ менамояд».
Ин мавқеъгирии Пешвои миллат хеле хирадмандона, дурандешона ва дар асоси далелҳои муътамади илмӣ мебошад, зеро ҳанӯз қабл аз баргузории ин конференсия мунозираҳо байни кишварҳои абарқудрат ва рӯ ба рушд оғоз гардида буд. Бо назардошти ин ҳолат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар COP15 тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои онро дар миқёси глобалӣ, минтақавӣ ва мамлакат ҳамаҷониба таҳлил намуда, омодагии Тоҷикистонро дар беҳтар намудани иқлим ва аҳаммияти обанборҳои манотиқи кӯҳиро дар таъмини бехатарии об ва ҳифз аз офатҳои табиӣ хеле бамаврид иброз доштанд: «Дар шароити норасоии захираҳои обӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, онҳо (обанборҳо) дар таъмини амнияти об нақши муҳим мебозанд, инчунин барои пешгирӣ намудани офатҳои марбут ба об, чун обхезӣ ва селҳо мусоидат менамоянд».
Таҷрибаи бисёр кишварҳо, алалхусус давлатҳои воқеъ дар манотиқи кӯҳӣ собит намудааст, ки роҳи асосии пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва инчунин ҳифзи экосистемаҳо бунёди обанборҳо мебошад. Зеро сохтмони обанборҳо дар шароити кӯҳсор назар ба ноҳияҳои ҳамвор хароҷоти зиёд талаб намекунад, инчунин самаранокии экологӣ-иқтисодии хеле баланд дорад ва ҳамзамон дар радифи истеҳсоли неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза эрозияро кам мекунад, экосистемаҳоро ҳифз менамояд ва дар шароити камобӣ ягона роҳи пешгирӣ аз буҳрони энергетикию хушксолӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба тамоми даъватҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки пас аз саммитҳои иқлимӣ қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд, аз ҷумла барои иҷрои қарорҳои COP19 (Варшава, 2013) ва COP20 (Лима, 2014) саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо пешниҳод кардааст. Минҷумла, дар саҳми муайяншуда дар сатҳи миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва таъсиррасонӣ ба системаи иқлими сайёра омадааст: то соли 2030 партови газҳои гулхонаӣ аз 80-90% сатҳи соли 1990 зиёд набуда, дар эквиваленти СО2 ба сари ҳар нафар 1,7-2,2 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳарчанд мамлакати мо дар партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси минтақаю ҷаҳон саҳми ночиз дорад, вале ба тағйирёбии иқлим бағоят осебпазир аст.
Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштаанд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд». Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакат барои коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва паст намудани шиддати таъсири манфии тағйирёбии иқлим тадбирҳои мушаххас ва амалӣ меандешад.
Агар ба маълумоти оморӣ назар намоем, Тоҷикистон аз ҷиҳати партови газҳои гулхонаӣ то солҳои 90-уми асри XX дар зинаи 80-ум қарор дошт. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста саҳми миллиро барои тадбирҳои ба ҳалли масоили тағйирёбии иқлим равонагардида таҳия намуда, дар доираи уҳдадориҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим чор Ахбори миллӣ доир ба тағйирёбии иқлим (2002-2003, 2008, 2014, 2022), Нақшаи миллии амал оид ба коҳиш додани тағйирёбии иқлим (2003), Гузориши якуми дусола оид ба бақайдгирии газҳои гулхонаиро (2018) ба тавсиб расонида, се стратегия – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037-ро қабул ва амалӣ намудааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни COP27 (Шарм-уш-Шайх, 2022) хеле хуб баён намуда буданд: «Дар муддати нисбатан кӯтоҳ мо тавонистем дар Тоҷикистон чанде аз санадҳои стратегиро дар ин самт таҳия карда, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷро намоем. Қабули Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, ҳамзамон Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва Гузориши дусола оид ба газҳои гулхонаӣ аз ин шаҳодат медиҳад».
Аз ин ҷо аён аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омилҳои тағйирёбии иқлим, пайомадҳои он ва дигар масоили экологӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ҳалли ин мушкилот қадамҳои муҳим мегузоранд ва тамоми кӯшишро барои паст кардани оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона намудаанд. Маҳз бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон барои ҳалли масоили минтақавию глобалии марбут ба обу иқлим дар заминаи арзёбиҳои воқеӣ ва арзишҳои дақиқи илмӣ ташаббусҳои бузургеро пайгирӣ намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба беш аз 10 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт иҷро менамояд ва дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми назаррас мегузорад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз COP26 (Глазго, 2021) оғоз карда, дар саммитҳои иқлимӣ Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ки эътирофу эътибори миллату Ватан дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад.
АКС аз бойгонӣ