ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Панҷшер» дар сафар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода доир гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Талко-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки ягона голи вохӯриро бозингари дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рамазон Эшматов дар дақиқаи 87-уми бозӣ ба нишон расонида, ғалабаи дастаашро таъмин кард. Ҳамчунин Рамазон Эшматов беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид. Баъди ин пирӯзӣ дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шумораи имтиёзҳояшро ба 16 адад расонида, дар зинаи 11-уми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд. Ин охирин бозии дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ буд. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 32 имтиёз дар зинаи 7-ум аст.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 53 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа буда, пеш аз муҳлат аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд. Барои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сенздаҳумин медали тилло дар таърихи бошгоҳ аст. Қаблан дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад






