Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 ноябр ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар назди иштирокчиёни ҷаласа иброз дошт, ки «имрӯз мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, ҳалли он бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Мо давоми 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво шудем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳистон буда, рӯ ба рӯ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд».
Таъкид гардид, ки маҷмуан, Парламент фаъолияти худро баҳри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист такмили қонунгузории мамлакатрро роҳандозӣ намудааст.
Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо пайгирии яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд ва доир ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар чорабиниҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP29 шинос шуд.


АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид






