Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд

Ноябрь 19, 2024 13:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 ноябр ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ дар ҳошияи  Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Боку  баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар назди иштирокчиёни ҷаласа иброз дошт, ки «имрӯз мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, ҳалли он бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Мо давоми 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво шудем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳистон буда, рӯ ба рӯ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд».

Таъкид гардид, ки маҷмуан, Парламент фаъолияти худро баҳри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист такмили қонунгузории мамлакатрро роҳандозӣ намудааст.

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо пайгирии яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд ва доир ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар чорабиниҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP29 шинос шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон