Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд

Ноябрь 25, 2024 15:36

ЁВОН, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» нақшаи пешниҳодгардидаи зимистонгузаронӣ аз ҷониби масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия пурра иҷро гардид. Ҳоло ҳуҷраҳои бошандагону синфхонаҳо ва хобгоҳи ятимон пурра бо гармӣ таъмин мебошанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Директори Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон Нуқра Ҳасензода иброз намуд, ки “муассисаи мо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хати озоди барқи доимӣ пайваст мебошад. Тавассути болерҳои барқӣ хобгоҳҳои ятимон ва синфхонаҳои онҳо бо гармӣ пурра таъмин мебошанд. Дар айни замон дар муассиса 2 тонна ангишт, 8 метри мукааб ҳезум ва як генератори барқии баландшиддат захира карда шудааст.  Ҳамчунин  маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулот захира гардидааст.

Дар анборҳои  Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани бошандагони ин муассиса  4000 кг картошка, 1000 кг пиёз, 6 тонна орд, 400 литр равған, 300 кг биринҷ, 600 кг шакар, 3,5 тонна дигар намуди маводи хӯрокворӣ ва садҳо зарфи шишагин шарбати меваю шакароб ва бодирингу помидори шӯр захира карда шудааст.

Ҳамчунин барои таъмини утоқҳои бошандагон  бо гармӣ 5 тонна ангишт, 80 метри мукааб ҳезум, 1000 литр сӯзишвории дизелӣ захира мебошад. Дар муассиса  90 печкаи барқӣ ва 4 печкаи аловӣ мавҷуд аст, ки имрӯзҳо аз ҳисоби ба хати озоди барқ пайваст будани муассиса ҳуҷраҳои бошандагон бо гармӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин 400 метри мураббаъ шишабандӣ карда шудааст.

Хушбахтона, роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мунтазам аз ҳоли ятимону бошандагони ин муассисаҳо бохабар шуда, мушкилоти пешомадаро сари вақт бартараф мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад