Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2024 14:23

ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи азнавбарқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳан  ба тариқи хатсайри «Душанбе–Москва», кушодани хатсайрҳои байналмилалии автобусҳои «Душанбе–Москва», «Бохтар– Москва», «Хуҷанд–Қазон», «Хуҷанд– Москва» ва «Хуҷанд– Екатеринбург» зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Роман Старовойт баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин масъала зимни иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии XVIII «Нақлиёти Русия – 2024» дар шаҳри Москва, ки то 26 ноябр идома меёбад, муҳокима карда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва афзоиши ҳаҷми боркашонию мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти заминӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои таҳкими ҳамкории минбаъда имконот мавҷуд ҳастанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки бо талошҳои муштарак муқаррароти ин ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла тадбирҳои дар «Харитаи роҳ» пешбинишуда доир ба густариши ҳамкорӣ барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика ва нақлиёти мултимодалӣ самаранок амалӣ мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуданд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кард, ки масъалаи коҳиш додани нархҳо барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли борҳои воридотию содиротӣ бо нақлиёти роҳи оҳан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қаламрави Федератсияи Русияро  дар назар гиранд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ байни  Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роҳҳои оҳани Русия» оид ба таъминот ва маблағгузории имтиёзнок, аз ҷумла хариди вагонҳои боркаши инноватсионӣ, вагонҳои мусофирбар ва локомотивҳо, маводи роҳи оҳан ва қисмҳои эҳтиётӣ барои эҳтиёҷи Роҳи оҳани Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад