Нақши Пешвои миллат дар ташаккули санъати тасвирии халқи тоҷик беназир аст

Ноябрь 15, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент мебошад. Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули санъати тасвирии халқи тоҷик Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ҷамшед Ғанизода чунин ибрози назар намуд:

— Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи санъати миллии тасвирӣ ва барқарор намудани ёдгориҳои фарҳангиву меъморӣ бештар гардида, ба шинохти арзишҳои милливу адабӣ замина гузошта шуд.

Санъату фарҳанг ҳамчун василаҳои таҳкимбахши маърифату тарбия ва рушддиҳандаи донишу ҷаҳонбинии насли башар пазируфта шудаанд. Фарҳангу адаби миллати тоҷик таърихи чандинҳазорсола дошта, ба ташаккулу рушди санъату ҳунари дигар қавму миллатҳо асос гузоштааст. Ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва адабию меъморӣ мавҷуд ҳастанд, ки бозгӯйи таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошанд.

Таърихи инкишоф ва шаклгирии санъати тасвирӣ дар Тоҷикистон марҳилаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар пайи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъати тасвирӣ ва дизайн тамоми шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, дар якчанд муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои бачагонаи санъат, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони ин соҳа омода карда мешаванд. Дар ин миён саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун меваи замони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу густариши анъанаҳои неки фарҳангии халқи тоҷик ва тайёр намудани мутахассисони соҳа назаррас аст. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳо ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд.

Ҳамин тавр, соҳибмаърифату соҳибкасб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидани завқу эҳсоси эҷодии онҳо ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва дигар равияҳои эҷодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимме аст, ки таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат қарор доранд. Зеро фарҳанг, бахусус санъати тасвирӣ дирӯзро бо имрӯз ва имрӯзро бо фардою оянда пайванд мекунад ва маҳз тавассути осори санъату ҳунар ба ҳар давраи таърихӣ, вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати хеш фарҳангу санъатро пеш гузошта, инъикоси воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи кори бунёдкориву созандагиро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат анҷом медиҳад.

Яке аз чунин иқдоми наҷибу шоиста ҷорӣ намудани фанни санъати тасвирӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошад. Имрӯз хонандагон аз синфи 1 ба омӯзиши санъати тасвирӣ ба тариқи фанни санъат ва меҳнат шуруъ карда, дар синфҳои 2, 3 ва 4 дигар нозукиҳои ин самтро аз худ карда, дар синфҳои 8 ва 9 ба тариқи хондани фанни алоҳидаи нақшакашӣ ба омӯзиши ин соҳа амиқтар ворид мешаванд.

Ташкили номинатсияи алоҳидаи «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз хизматҳои дигари мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонон дар ин сабқат нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба ин навъи ҳунар зиёд аст. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат баъди гузарондани озмун дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи наве барои ташаккули фарҳанги муосир ва санъати ороишӣ боз гардид. Озмун барои мукаммал намудани захираи кадрӣ, ташаккул додани раванди вусъати неруҳои эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарӣ, оммавигардонии жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ, дизайн ва меъморӣ, ғанӣ гардондан, инчунин фаъол намудани тафаккури бадеӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Мактабҳои бачагонаи рассомӣ ва санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ ба густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати аҷдоди мусоидат менамояд. Бинобар ин, имрӯз қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабҳои санъати бачагона фаъолият доранд, ки барои тарбия намудани истеъдодҳои наврас саҳми сазовор доранд.

Фаъолияти пурвусъати Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» ҳамчун аввалин таълимгоҳи бадеӣ бо назардошти қобилияту истеъдодҳо, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Комбинати бадеӣ кушода шуда, дар он анъанаҳои миллӣ ҳифз гардида, ҳамчун даргоҳи муқаддаси санъат бо роҳу усулҳои нави таълимӣ дар ташаккули шахсиятҳои соҳибтаҷриба мавқеъ ёфтаааст, далели ин аст.

Рассомони тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушду камоли санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми босазо мегузоранд. Рассомону ҳунармандон муаррифони фарҳангу санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Онҳо дар асарҳои эҷодии баландмазмуни худ ғояҳои Истиқлоли давлатӣ, табиати зебои Ватани азизамон, меҳнати пурбаракати аҳли заҳмати мамлакатро инъикос намуда, ба ҳаводорони санъати тасвирӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ пешкаш менамоянд. Офаридаҳои рассомон инъикоси мавзуъҳои сулҳу ваҳдат, зебоии табиату ҳифзи он ва дастовардҳои соҳибистиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, насли наврасу тамошобинонро ба ватандӯстӣ ва тарбияи меҳанпарастӣ даъват менамоянд.

Дар маҷмуъ, хизматҳои беназири Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таърих бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои худ сабт намудааст. Бо азму иродаи ватандӯстию фарҳангпарваронаи Пешвои мба  тариқи созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО пазируфта шудани бархе аз осори фарҳанги пуршукуҳи моддию маънавии тоҷикон аз ҷумлаи чунин иқдоми наҷибонаанд. Маҳз ба ин васила ҷаҳониён оид ба ғанию қадимӣ будани фарҳанги мо огоҳӣ пайдо намуда, онро эътироф намуданд.

Ҳамин тавр, имрӯз санъати муосири тасвирии тоҷик тавассути татбиқи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷузъи ногусастании фарҳанги мардуми мо мубаддал гаштааст. Ҳар рассоми соҳибзавқ ва соҳибкасб бо илҳом аз сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат тавассути мусаввараҳои беҳтарину барҷаста дар роҳи тасвири амиқи воқеият, тавсифи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҷассуми корнамоиҳои абармардони халқи тоҷик ва тараннуми табиати афсункори ватани азизамон ба бинандаву дӯстдорони осори ҳунарҳои нафиса хушбинӣ ва ғояҳои олиро талқин месозад.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 15, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад