ОГОҲӢ! Дар рӯзҳои сарду боронӣ эҳтиёткор бошед
ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат 6-7 ноябр бар асари вуруди сардиҳо аз шимолу ғарб ҳарорати ҳаво тағйир меёбад ва эҳтимоли боридани боронҳои шадид вуҷуд дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро огоҳ менамояд, ки дар ин рӯзҳои сарди боронӣ эҳтиёткор бошанд.
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст.
Ҳамчунин дар ҳолати тоза накардани ҷӯйбору заҳбурҳо эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз селобҳо вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ Кумита пайваста аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавлию хонаҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу партов тоза намоянд.
Ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо гардид, аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд,- таъкид намуданд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вазъи номусоидии обу ҳаво пайваста сокинонро ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёткор бошанд. Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, новобаста аз огоҳии масъулин дар ин гуна рӯзҳои сард ва барфу борон ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд, ки ин аз беэътиноии сокинон дарак медиҳад.
Масалан, дар нуҳ моҳи соли равон аз шумораи умумии 603 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ 48 ҳолаташ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ва аҳолӣ зарар расонидааст.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ фаромадани тарма – 2,1 %, бориши борон ва омадани сел – 87,5 %, баландшавии ҳарорати ҳаво ва омадани сел-2,1 %, фаромадани ярч – 2,1 % ва раъду барқ – 6,2 %-ро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






