Паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид, ки дар он паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Абдулмаҷид Кудиев дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.
Паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






