ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами мо парфишон аз Пешвои миллат аст!» ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шуруъ гардида, то имрӯз идома дорад. Маҳз шуруъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт.
«Ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ ва орзую ниятҳои миллати мо достон мекунад»,- илова намуд номбурда.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода аз мақом ва ҷойгоҳи муқаддасоти миллӣ ёдовар шуда, гуфт, ки «Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст».
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои гунонун вобаста ба волоияти мавқеи Парчами миллӣ дар раванди давлатдорӣ маъруза намуданд.
Бояд гуфт, ки пеш аз оғози ҳамоиши ҷавонон бо иштироки роҳбарияту кормандони сохтор ва зерсохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар атрофи Боғи Куруши Кабир роҳпаймоии идона баргузор шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






