Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 19, 2024 10:07

ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор дода, дар он бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.

Бинои марказ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар якҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 2276 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи 5  миллиону дусад ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ аз соли 2018 оғоз гардида, дар он зиёда аз 60 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндо-ҷарроҳӣ ва ҳамчунин ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин муассисаи тиббӣ табибони баландихтисос, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ  50 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳӣ бо таҷҳизоти томографияи магнитию-резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиография, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти литотрипсияи нави муосир, даруннигарӣ, ташхиси ултрасадо, озмоишгоҳ, табобати физиотерапевтӣ бо намуди лазерӣ, магнитотерапия ва зарбаи мавҷӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Марказ дар як вақт имкон дорад, ки зиёда аз 40 нафар беморонро бо хизматрасонии босифат фаро гирад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ, иқдоми муассиси Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро пурарзиш номида, кормандони марказро барои хизмати софдилона ва муомилаю муоширати хуб ба беморон ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ бо роҳи бунёди иншооти зарурии соҳаи тандурустӣ аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила иншооти мавҷудаи соҳа аз таъмир бароварда шуда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беморхонаву дармонгоҳ ва бунгоҳу марказҳои хизматрасонии тиббии нав сохта мешаванд.

Дар маҷмуъ дар вилояти Суғд ҳоло 939 муассисаи соҳаи тандурустӣ арзи ҳастӣ дошта, дар онҳо наздик ба 30 ҳазор кормандони соҳа, ки аз он 5100 нафарашонро табибони соҳибтахассус ва зиёда аз 18 ҳазор нафари дигарро кормандони миёнаи тиб ташкил медиҳад, фаъолият доранд.

Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким» дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бунёд ёфта, барои саривақт ба ташхису таботат фаро гирифтани сокинони вилоят пешбинӣ гардидааст.

Ноябрь 19, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад