Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд

Ноябрь 17, 2024 12:20

ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ  ба  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд.

Иншооти нави саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Икром Набиев таъсис ёфтааст.

Самти фаъолияти корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандорӯ ва система барои доруи қатрагӣ буда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад.

Хатҳои технологии корхона тавлиди бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, иқтидори лоиҳавии он  дар як сол 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад.

Барои банду басти маҳсулоти ниҳоӣ коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полиэтеленӣ низ фаъолият менамояд.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни истеҳсолот аз ҷониби 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо риояи талаботи стандартҳои дохилу хориҷ сурат мегирад.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дастрасии шаҳрвандон ба чунин молҳои тиббиро  таъмин менамояд.

Тибқи нақша дар ояндаи наздик хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки баробари зиёд гардидани номгӯи маҳсулот ҳамчунин ба таъсиси боз 40 ҷойи кории нав замина мегузорад.

Маҳсулот қабл аз ба муомилот баровардан дар озмоишгоҳи корхона бо усули махсус санҷида шуда, бехатарии он пурра таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои саноатиро дар  рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ қадами ибратбахш арзёбӣ намуданд.

Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи «Сино медикал», ки ба татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд, шумораи корхонаҳои дорусозӣ ва молҳои тиббӣ дар вилояти Суғд ба ҳафт адад расид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати тиббию доруворӣ афзалияти хоса дода, дар ин самт барои соҳибкорони ватанӣ шароиту имконот ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино — Медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ин гуна ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан 17.11.2024

Ноябрь 17, 2024 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳили Сирдарё ба минтақаи истироҳатию фароғатӣ табдил дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуданд
Беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич мумфарш карда шуданд
Дар Муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» бунёд мегардад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд инфрасохтори муҳими коммуналӣ навсозӣ карда мешавад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд