Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд

Март 8, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ноҳияи Муъминобод 5 ҳазору 371 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар айни замон сохтмони биноҳои баландошёна, бинои массисаи томактабӣ ва дигар иншоот идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, соли 2025 корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 34 миллиону 948 ҳазору 800 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ санадҳои меъмории ҳуқуқии соҳа такмил дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодӣ дар вилоят сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ маҳсуб шуда, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Инчунин навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтор бо тарҳи замонавӣ ва миллӣ заминаи муҳими рушди минбаъдаи ноҳия маҳсуб мешавад. Ба масъулини сохтмон ва шаҳрсозӣ дастур дода шуд, ки дар баробари корҳои ободонӣ ва сабзкории ҳудуди иншоот ҳамзамон шабакаҳои мустақили хизматрасонии коммуналии тамоми хонаҳои баландошёнаи сохташавандаро ба роҳ монанд, то баъди баистифодадиҳӣ барои сокинон мушкилӣ пеш наояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд