Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд

Ноябрь 17, 2024 12:10

ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири трансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.

Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд.

Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар коргоҳи таъмири трансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, иқтидори он дар як сол таъмиру навсозии 150 трансформаторро ташкил медиҳад. Барои аз таъмир баровардани трансформаторҳо дастгоҳи борбардор ва дастгоҳ барои печонидани ғалтакҳои шиддаташон 0,4, 6, 10, 35 ва 110 киловолта (кВ) васл карда шудааст.

Дар ин коргоҳ барои хушк намудани ғалтакҳо ва тоза намудани равғани трансформаторҳои вайроншуда имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.

Болорҳои барқӣ, ки барои насби ноқилҳо ба сутунпояҳо ва васли онҳо ба трансформатор пешбинӣ шудааст, низ дар ин корхона истеҳсол карда мешаванд.

Мутахассисони корхонаи мазкур имкон доранд дар як сол истеҳсоли беш аз 1300 чунин болорҳои барқиро бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монанд. Ҳамчунин барои равшаннамоии кӯча ва шафати роҳҳо низ сутунпояҳои барқӣ бо насби чароғҳо сохта мешаванд.

Илова ба ин дар корхона сохтани қуттиҳо барои ҷойгир кардани трансформатор, инчунин калидҳои барқӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохили кишвар дастрас мешавад. Дар маҷмуъ дар корхона 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Масъулини корхона нақша доранд, ки дар сурати афзоиши талабот доираи фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро низ зиёд менамоянд.

Дар саҳни корхона намунаи маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда буд. Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо намунаҳои маҳсулот ба сифати онҳо баҳои баланд доданд.

Дастгириҳои пайваста ва пешниҳоди имтиёзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бахши хусусӣ боиси ҳавасмандию дилпурии соҳибкорон гардида, сол то сол бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар афзоиш пайдо кардааст.

Фаъолияти ин корхона низ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шуда, дар самти коҳиши маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои барқӣ ва таъмиру навсозии истгоҳҳои барқии ҶДММ «Истаравшан Энерго» 17.11.2024

Ноябрь 17, 2024 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Носири Хусрав бо корҳои сохтмонӣ шинос шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «СҲШ-плюс» дар мавзуи «Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор» иштирок намуданд
Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди суҳбат анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда дар чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Дар маҳаллаи «Сабзазор»-и пойтахт беш аз 1 км роҳи дохили маҳалла мумфарш карда шуд
Дар Хуҷанд Маҷмааи бисёрошёнаи «Темурмалик» бунёд карда мешавад
78 хоҷагии минтақаи манзилии №4-и шаҳри Норак бо оби нӯшокӣ таъмин гардид
Дар Муъминобод бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд