Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд

Ноябрь 10, 2024 23:50

ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.

Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Ноябрь 10, 2024 23:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд