Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок намуданд

Ноябрь 12, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич доранд ва мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад.

Ишора карда шуд, ки дар як муддати начандон зиёд мавзуи об бахшҳои асосии мундариҷавии конфронсҳои марбут ба иқлимро фаро гирифт.

Ба ақидаи Сарвари давлати мо, ба ин раванд, бешубҳа, конфронсҳои иқлимӣ дар Глазго, Шарм-уш-Шайх ва Дубай саҳми босазо гузоштанд.

Гуфта шуд, ки кишвари мо зиёда аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин зимн, Тоҷикистон, бо дарназардошти пайвастагии зичи рӯзномаҳои обу иқлим, ба ҷойгоҳи хос пайдо кардани мавзӯи об дар раванди гуфтушунидҳои расмии конфронсҳои иқлимӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ мавзуи мазкурро дар чорчӯби Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2023, “Раванди оби Душанбе” ва дигар платформаҳои муҳими байналмилалӣ пайгирӣ намудааст.

Зикр карда шуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор метавонанд барои ҳалли мушкилоти обу иқлим заминаи хуб фароҳам созад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба яке аз ҷанбаҳои муҳимми мавзуи  обу иқлим — обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳифзи пиряхҳо ба масъалаи мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

“Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон намуд. Тибқи қатъномаи дар ин хусус қабулгардида, ҳамчунин, “Фонди эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд ва Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, саҳми молиявии худро ба Фонди мазкур гузошт”-изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид  Тоҷикистон  моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиши сатҳи баландро боло бурдани сатҳи огоҳӣ, мубодилаи маълумот ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот ва ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ карданд.
Иштирок дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим 12.11.2024

Ноябрь 12, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд