Рӯзи Президент дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки мақсад аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии боз ҳам бештар аз фаъолияти қаҳрамононаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин рамзи ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишҳои пайваста тавонистанд, ки Тоҷикистонро пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ раҳнамун созанд. Таҳкими ваҳдат, сулҳу субот ва сохтмони давлати мустақилу тараққикарда дар маркази фаъолияти Пешвои миллат қарор дорад.
Пас аз моҳи ноябри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият ва шароит фароҳам овард, ки марҳила ба марҳила рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъмин шуда, истиқлолияти давлатӣ ба маънои том ба манфиати мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.
Роҳбари давлати тоҷикон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик таҷассуми эҳтиром ва қадрдонии нақш ва саҳми нотакрори Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






