Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Ноябрь 22, 2024 13:08

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тамоюли устувори рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарламентии Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зарурати истифодаи пурраи зарфият ва имконоти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид