Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Турахон Исанқулов» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” боздид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба кишти ғалла оғоз бахшиданд.
Дар кишти тирамоҳӣ дар заминҳои хоҷагӣ тухмии гандуми хушсифати “аср” кишт гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи ба номи “Турахон Исанқулов” дар ихтиёри худ 375 гектар заминҳои корами кишоварзӣ дорад. Аз ин дар масоҳати 97 гектар замин ғалладонагиҳо, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ ва макка барои дон кишт карда мешавад.
Пас аз оғоз бахшидан ба кишти зироат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов” ҷамъоварӣ гардидааст, шинос шуданд.
Хоҷагидорон асосан ба парвариши пахта, картошка, сабзӣ, пиёз ва полезӣ машғул мебошанд.
Ҳосили фаровони ба маъраз гузошташуда аз таҷрибаи ғании деҳқонони хоҷагӣ дарак медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истифодаи самараноки ҳар як порча замини кишт, истеҳсоли фаровони хӯрокворӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.









Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»






