Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд

Ноябрь 18, 2024 12:34

ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев дар доираи тадбирҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ ва насби техникаю таҷҳизоти иншооти мазкур соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби 50 нафар мутахасси маҳаллӣ дар як муддати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати умумии корхона 1200 метри мураббаъро ташкил дода, атрофи он бо тарҳу намои зебо оро дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар коргоҳ, ба сифати маҳсулоти он баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқдоми ибратбахш номиданд.

Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фурӯш гузошта мешавад.

Таҷҳизоти коргоҳ аз насли нав буда, дар 16 хати истеҳсолӣ насб гардидааст. Технологияи коргоҳ каммасраф буда, 50 фоиз ба таври худкор фаъолият мекунад. Коргоҳи пойафзолбарорӣ дар як сол вобаста ба талабот аз 30 ҳазор то 50 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол менамояд. Талоботи солонаи сокинони ноҳия ба пойафзол 165 ҳазор ҷуфт буда, соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда иқтидори истеҳсолии корхонаро васеъ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи аввали ба кор оғоз намудани корхона 20 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёнаи онҳо аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани корхона, иловатан беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Ҳар як корманд аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузашта, баъдан ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар корхонаи мазкур занону ҷавондухтарон низ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона қисман аз дохил ва қисман аз хориҷ таъмин карда мешавад. Маҳсулоти нахуст аз ташхис гузаронида шуда, сипас ба фурӯш бароварда мешавад.

Пешвои миллат зимни боздид аз намоиши маҳсулоти коргоҳ дастур доданд, ки минбаъд низ ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом чунин коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда буд.

Соҳибкори ватанӣ дар заминаи солҳои рушди саноат иқдомҳои бунёдкориро дар ин самт идома дода, мақсад дорад, вобаста ба шароит дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин васила то ба 500 адад расондани ҷойҳои корӣ дастуру тавсияҳо доданд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба соҳибкор қарзи имтиёзноки давлатӣ дода шавад.

Дар навбати худ кормандони корхонаи Ҷамияти дорои масълуяти маҳдуди «Фароғатбону» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои арзандаи кору фаъолият ва таваҷҷуҳи хоса нисбати онҳо, изҳори сипос намуданд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18.11.2024

Ноябрь 18, 2024 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон