Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи ҶДММ «Кули Сарез»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.
Корхона дар масоҳати 22 садяк замин бунёд шуда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Моеи зидди ях, ки аввалин бор истеҳсоли он дар ин корхона ба роҳ монда шудааст, барои сардии аз 31 то 40 дараҷаи ҳаво пешбинӣ шудааст.
Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Маоши миёнаи кормандон ҳоло то ду ҳазор сомониро ташкил дода, оянда бо афзун гардидани даромади корхона зиёд карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани содироти он дар оянда дастуру маслиҳатҳо доданд.
Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ шудааст.









Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






