СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо сокинону фаъолони Норак оид ба риояи қонунҳо ва тарғиби арзишҳои демократӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Норак бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо доираи васеи сокинону фаъолон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Гуфта шуд, ки мақсади баргузории вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ ва мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
Раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти давлатӣ нест. Барои амалӣ кардани он бояд тамоми гурӯҳҳои ҷомеа ҷалб карда шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро ба аҳли ҷомеа ба таври дурусту муносиб фаҳмонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеаҳо бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ пайдо намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






