СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси байналмилалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маърифати ҳуқуқӣ яке аз заминаҳои асосии рушди шахсияти комил дар ҷомеа мебошад, ки барои риоя ва амалӣ намудани қонуну қарор ва санадҳои дигар барои ҳар узви ҷомеа зарур аст. Чунин иброз гардид дар конфронси байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки шахси дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ, бодониш ва бошуур дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, ҳаргиз ба амалҳои ғайриқонунӣ даст намезанад ва фирефтаи тарғиботи ифротгаронаи душманони миллат ва давлат нахоҳад шуд. Бинобар ин, омӯзиши қонунҳо ва тарғибу ташвиқи онҳо бояд ҳанӯз дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз ёфта, дар коллеҷу донишгоҳҳо идома дода шавад.
Давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолияти самараноки ҳуқуқэҷодкунӣ низоми ҳуқуқии мамлакат дар асоси волоияти меъёрҳои Конститутсия заминагузорию такмил гардида, ҳоло зиёда аз 400 санади қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.
Дар қисмати пленарии конфронс вобаста ба мавзуъҳои «Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамчун омили асосии рушди қонунгузорӣ», «Маърифати ҳуқуқӣ – омили пойдории фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои конститутсионии таъмини амнияти миллӣ» ва «Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Дар кори конфронс дар се бахш беш аз 60 мақолаи олимону донишмандон шунида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






