Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии Беларус таҳсил мекунанд, намояндагони иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии тоҷикон “Сомониён” ва кормандони Сафорат иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба ҳозирин дар бораи мавқеи Конститутсия дар низоми идоракунии давлатӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат, суръат бахшидан ба раванди таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Конститутсия ва таъмини волоияти он сухан гуфт.
Дар анҷоми вохӯрӣ роҷеъ ба асосҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон викторина баргузор гардид, ба ғолибон туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






