ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 10, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

***

10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном намуд.

***

10 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

10 ноябри соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.

***

10 ноябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим шуд.

***

10 ноябри соли 2015 масоили ҳамкории судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид.

***

10 ноябри соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО-2017 раҳматнома фиристод.

***

10 ноябри соли 2018 дар Чин ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иштирок намуд.

***

Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аввалин фестивали «Оши палав» доир шуд.

***

10 ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

10 ноябри соли 2021 байни Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ноҳияи Лагойск ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали вилояти Минск Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

***

10 ноябри соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногун ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбии кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

10 НОЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.

***

Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Аълохон Афсаҳзод -соли 1935 -адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (1983), Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).

 

Ноябрь 10, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст