ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 11, 2024 08:00

11 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расид.

***

11 ноябри соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

***

11 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

8 сол пеш, 11 ноябри соли 2016 дар Минск ансамбли рақсии «Зебо» дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҳунарнамоӣ намуд.

***

11 ноябри соли 2016 дар Австрия форуми «Имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон» доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ветнам муҳокима гардид.

***

Соли 2018 дар Вена ҷаласаи шашуми муштараки комиссияи Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ доир гардид.

***

11 ноябри соли 2021  дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP26 – Конфронси  26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз номи ҳайати Тоҷикистон сухан гуфт.

***

11 ноябри соли 2022 дар Ашқобод ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 42-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж иштирок намуд.

11 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии сарфаи неруи барқ.

***

Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.

***

Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.

Ноябрь 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст