ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 12, 2024 08:00

12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

***

12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

***

10 сол пеш, 12 ноябри соли 2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми чемпионӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.

***

Соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ хонум Шамила Наир-Бедуэлле доир гардид.

***

12 ноябри соли 2022 дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

***

12 ноябри соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи 206 тафтишу санҷишҳои гузаронида 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.

12 НОЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Талабхӯҷа Сатторов-соли 1953 — оҳангсози тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1966), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад (1990), профессор (2000), собиқ Раиси  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  ва нахустин ректори  Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003—2007).

Ноябрь 12, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш