ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
Соли 2001 аввалин маротиба яке аз бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи Ташкилоти молиявии байналмилалиро ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати «Alcatel» ифтитоҳ гардид.
***
14 ноябри соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳанги Тоҷикистон ва Русия муҳокима шуданд.
***
14 ноябри соли 2015 байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
***
7 сол пеш, 14 ноябри соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» фестивали кинои Корея-2017 доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
***
14 ноябри соли 2018 дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд.
***
14 ноябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо ҷараёни сохтмон дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.
***
14 ноябри соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи «Ситораҳои дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нав аз се ошёна, ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ иборат буда, барои таълиму тарбияи 200 кӯдак пешбинӣ шудааст.
14 НОЯБР:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.
***
Рӯзи ҷаҳонии сифат.
***
Рӯзи байналмилалии логопед.
***
Дар Русия – Рӯзи ҷомеашиносон.
***
Дар Беларус – Рӯзи оҳангарон.