Ташкилоти қарздиҳии «Рушди кӯҳистон» дар ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои дуошёна гардид

Ноябрь 4, 2024 13:40

ХОРУҒ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти қарздиҳии хурди «Рушди кӯҳистон» дар ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои дуошёнаи Маркази хизматрасонӣ гардид. Ин сеюмин маркази хизматрасонӣ аст, ки Ташкилоти қарздиҳии «Рушди кӯҳистон» дар Бадахшон ифтитоҳ мекунад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ медиҳад, даҳаи охири моҳи октябр чунин марказҳои хизматрасонӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа низ дари худро ба рӯи мизоҷон боз карданд.

Бинои нав мутобиқ ба талаботи меъёрҳои қабулнамудаи бонкӣ сохта шуда, бо тамоми технологияи муосир таъмин шудааст. Раиси Шурои нозирони Ташкилоти қарздиҳии хурди «Рушди кӯҳистон» Озодшо Одинамамадов гуфт, ки «имсол Ташкилоти қарздиҳии «Рушди кӯҳистон» дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ ҳамчунин шаш маркази хизматрасонӣ дар деҳоти дурафтодаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Айнӣ ва Мастчоҳ ифтитоҳ менамояд. Хизматрасонии хубу дастрас ба ин ташкилоти молӣ имконият фароҳам овард, ки теъдоди мизоҷонро сол аз сол зиёд намояд».

Раиси Шурои нозирони Ташкилоти қарздиҳии «Рушди кӯҳистон» ҳангоми ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ ҳамкоронро даъват намуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва омӯзиши ҳаматарафаи технологияи муосир талош намоянд.

Таъкид шуд, ки ба масъалаи мутобиқсозии низоми бонкдорӣ ба шароити муосир, таҳкими қурби пули миллӣ, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, масъалаи амонатгузорӣ ва ҷобаҷогузори кадрҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2371 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1087 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3276 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2309 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст