ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид

Ноябрь 7, 2024 12:14

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик муқаррар шудааст. Театр яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг дониста мешавад. Зеро он воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст. Театр чун намуди санъати саҳнавӣ аз навъҳои дигари санъат фарқ дорад.

Тасвири театр дар суханҳои бузургон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин иброз доштаанд: «Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад».

Ба андешаи публисисти рус В.Г.Белинский, «театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти даврони мо аст» ва ё «театр қитъаи афсонавие аст, ки зиндагиро ба тарзи нозук нишон медиҳад».

Ба назари нависанда А.П.Чехов, «аз театр боло дар дунё дигар чизе нест». Дар таърифи В.Гюго, «театр кишваре аст, ки дар он мо қасрҳои латтагин, дарахтони коғазин, нуқраву тиллоҳои шишагин ва офтоби аз замин баромадаро мебинем. Театр дунёи ҳақиқие аст, ки нақшбозон, тамошобинон ва дар паси пардабудагон ҳама дили инсонӣ доранд». Ба назари К.С.Станиславский, «театр роҳбару мураббия, тарбиятгар ва макони орзуву хурсандӣ» мебошад.

Ба андешаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир, театр оинаи зиндагӣ аст. Театр мисли оина ҳар гуноҳу савобе, ки ҳаст, онро инъикос мекунад. Театр дунёи васеъро ба дунёи кӯчак табдил медиҳад ва ба таври тамсилу шӯхӣ тамоми маънии зиндагиро инъикос менамояд. Театр чаро ҷолиб аст? Чунки он мисли заррабин аст. То вақте ки мо театрро мисли заррабин набинем, намефаҳмем, ки он чӣ ҳадаф дорад. Дар театр одамони зинда кор мекунанд ва он ҷо ҳеҷ дурӯғе наметавонад ҷой дошта бошад. Дар он мардум ашкҳои зиндаро мебинанд. Вазифаи театр ин аст, ки камбудиҳои ҷомеаро нишон диҳад, мо худамонро дар оина бубинем ва пайи ислоҳи хатоҳое шавем, ки дар зиндагиямон ҷой доранд. Рисолати театр нишон додани камбудиҳои ҷомеа ва ошкор кардани мушкилоти мардум аст.

Аввалин театр дар ҷаҳон

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, аввалин театрро дар Юнон ба давраи V-IV-и пеш аз мелод мансуб медонанд. Дар аввалин театрҳои қадимӣ дар ҷашнҳо ҳар гуна бозиҳои рамзӣ доир мегардиданд. Аз охири асри IV то мелод дар Афина ҳар сол фоҷеа, мазҳака ва драмаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта шуда, баъдан намоишҳои театрикунонида дар ҳамоишҳои давлатии он замон доир мешуданд. Маҳз ин намоишҳо ба пайдоиш ва рушди театр дар он замон замина гузоштанд.

Театри аз ҳама қадимтарини Афина Дианоса мебошад, ки бо сақфи кушода дар нишебии ҷанубу шарқии Антрополя, қалъаи муқаддаси Диониса ҷойгир буд. Дар охири асри IV то мелод театри Диониса аз нав бо санг сохта мешавад, ки солҳои баъдина тарҳи он борҳо тағйир меёбад. Театри Диониса барои тамоми театрҳои дигари Юнон ҳамчун намуна хизмат мекард. Дар театрҳои антиқӣ теъдоди зиёди тамошобинон ҷой мегирифтанд.

Дар театрҳои Юнони қадим нақши занонро мардон мебозиданд. Дар як намоиш як актёр якчанд нақшро иҷро мекард. Ҳунармандон ҳангоми иҷрои нақшҳои гуногун ниқобҳои мухталиф мепӯшиданд. Истифода аз ниқобҳои гуногун зарурати дуҷониба дошт. Он аз як тараф, ҷинсияти нақшҳоро ифода мекард ва аз сӯи дигар, қаҳрамони саҳнаро бузургтар нишон медод. Театр аввалин санъати дидашаванда буд. Агарчи пас аз он кино ва телевизион пайдо шуда бошанд ҳам, аммо нақши театр дар рушди фарҳангу тамаддуни халқҳо ва наздикии фарҳангҳо то имрӯз назаррас аст.

Таъсиси нахустин театр дар Тоҷикистон

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, театри тоҷик бори аввал 7 ноябри соли 1929 ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд.

Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковскиҷойгир буд. Аввалин намоиши калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳунармандони театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Ефим Исаевич Мителман қарор дошт, ки саҳми ӯ дар рушди театр ва ҷалби мутахассисони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд.

Барпокунанда ва аввалин режиссёри театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов мебошад. Сипас ҳунармандони тоҷик аз зумраи Г.Бақоева, С.Тўйбоева, Ҳ.Раҳматуллоев, М.Қосимов, А. Бурҳонов, М.Халилов, Л.Латифов, А.Азимова ва дигарон ба саҳна омаданд.

Театр дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон театри тоҷик рушд намуд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ амал мекунад, ки талаботи фарҳангии аҳолиро қонеъ гардонида, дар маҷмуъ барои рушди маънавиёт ва фарҳанги аҳли ҷомеа хизмат мерасонанд. Ин театрҳо санъати миллии моро дар хориҷи мамлакат низ пайваста муаррифӣ менамоянд.

Соли 2021 Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба рӯйхати 10 театри беҳтарини операи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардид. Ба ин даҳгона театрҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Узбекистон ва Молдова ворид шудаанд.

Инчунин барои рушди театри тоҷик аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз чандид барномаҳо амалӣ гардидаанд. Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иброз намуд, ки 30 сентябри имсол таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барои рушду такомули соҳаи театрӣ ва ҳалли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Барнома бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои театрӣ, драматургияи муосир ва намоишҳои нав, ҷалби тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театрӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва омода кардани кадрҳо дар самти театр дар дохил ва хориҷи мамлакат амалӣ мегардад. Бо татбиқи ин барнома то соли 2029 соҳаи санъати театрӣ бештар тарғибу ташвиқ гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои театрӣ таъмин мешавад. Инчунин барои рушди фаъолияти театрӣ ва афзудани сафарҳои ҳунарии театрҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ин барнома фаъолияти 17 театр дар мамлакат ба назар гирифта мешавад»,-гуфт Мирзоолим Саидов.

Ёдовар мешавем, ки барои рушду нумӯи театр пайваста озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ташкил мешаванд. Дар заминаи ин гуна озмунҳо фаъолияти театрҳои мардумӣ ва касбии шаҳру навоҳии мамлакат беҳтар гардида, спектаклҳои нав ба нав рӯйи саҳна омаданд. Яке аз ин онҳо Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» мебошад. Дар ин озмуни фарҳангӣ театрҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо намоишҳои нав иштирок мекунанд. Инчунин солҳои охир коргардонҳо ва ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик бо чандин намоишҳои театрӣ дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Фестивал-озмуни кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз» ва Фестивали байналмилалии «Фаҷр» аз қабили он озмунҳои фарҳангие ҳастанд, ки ба рушди санъати театрӣ ва ҳамкории эҷодии ҳунарпешагон мусоидат мекунанд.

Истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, театри тоҷик мустақил гардид. Яъне, театр дар интихоби драма, ҳунарпеша, басаҳнагузорӣ ва сафарҳои эҷодӣ фаъол гардид. Дар барномаҳои театрҳо намоиши асарҳои худӣ ва дорои ангезаи миллӣ бештар гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 7, 2024 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд