Тоҷикистон бо ЮНЕСКО масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуд

Ноябрь 27, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ Лидия Брито баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар партави таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии минтақаро таъкид намуданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои ҳамкории эҳтимолии муштарак барои мониторинги обшавии пиряхҳо, арзёбии мушкилоти экологӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ барои ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки аз системаҳои кӯлҳои пиряхӣ вобаста аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба ва таъсиси чаҳорчӯбаи ҳамаҷонибаи конфронси дарпешистода, ки коршиносони байналмилалӣ, ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва сиёсатмадоронро барои ҳалли масъалаҳои мубрами марбут ба экосистемаҳои пиряхҳо дар Тоҷикистон муттаҳид мекунанд, матраҳ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард