Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад

Ноябрь 3, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2027 мизбони  Форуми VI  байналмилалии ҷавонони эҷодкор (бахусус театрҳо)  мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Масъалаи баргузории форум 29 октябр зимни  вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ноиби  Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.Чехов Карина Сатурова мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба баргузории Фестивали намоишҳои коргардонҳои ҷавон, намоиши маҳсули рассомони театрӣ, нашри асарҳои драматургони ҷавон, ташкили вохӯриҳо  бо чеҳраҳои шинохтаи театрҳои касбии ҷаҳонӣ  ва гузаронидани дарсҳои маҳорат бо ҷалби ҳунармандони ҷавон дар доираи ин форум мубодилаи афкор намуданд.

  АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 3, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд