Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд

Ноябрь 27, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз буҳрони молиявию иқтисодӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавонист ба дастовардҳои намоён ноил гардад. Дар ин самт саҳми шарикони рушд  низ назаррас аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла дар ин самт бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ЮСАИД) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки то соли 2025 амал менамоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад